Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Зилзилашиносони ОМ бехатарии сохтмони НБО дар кӯҳистонро эътироф намуданд

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 29.08.2016 в 09:42
Хонандаҳо: 246
Зилзилашиносони ОМ бехатарии сохтмони НБО дар кӯҳистонро эътироф намуданд

Дар Конфронси байнулмилалии илмию амалии «Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ», ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар Тоҷикистон доир гардид, изҳор шуд, ки сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) дар манотиқи кӯҳистон хатар надорад.

«Бо назардошти натоиҷи таҳқиқоти илмӣ ба маълумоти шахсони тасмимгиранда ва аҳолии минтақа расонида мешавад, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва мавриди истифода қарор додани онҳо хатар эҷод намекунад», - қайд мешавад дар баёнияи аз ҷониби иштиркдорони конфронс қабулшуда.

Ба созмону ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, корхонаҳои бахши сохтмон ва дигар ташкилоту корхонаҳои дар ин самт фаъолиятдошта тавсия дода шудааст, ки аз натиҷаҳои таҳқиқоти пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар амал истифода кунанд.

Дар баёния даъват мешавад, ки ба муттаҳид кардани талошҳои олимону мутахассисон оид ба табодули маълумоти сейсмикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин бо марказҳои байнулмилалӣ ҷиҳати коҳиши хавфу хатарҳо аз заминларазаҳои маҳаллӣ ва фаромарзӣ, таъсиси маркази минтақавии гирдоварӣ, ҳифз ва табодули маълумоти сейсмикӣ мусоидат карда шавад.

Олимони минтақаи Осиёи Марказӣ бар ин назаранд, ки амалисозии тадбирҳои тавсияшуда ба таври қобили мулоҳиза ба коҳиши ҳаҷми зиён ва талафот дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода имкон медиҳад.

Ғайр аз ин, аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ дархост шудааст, ки лоиҳа ва барномаҳо дар самти таҷдиди шабакаҳои амалкунандаи зилзиласанҷӣ ва коҳиши хавфу хатарҳои онро дастгирӣ намуда, зарурати роҳандозии таҳқиқоти минбаъда дар ин самтро муҳим донанад ва дастгирӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар ин конфронси Душанбе олимону коршиносони соҳаи зилзиласанҷӣ аз 16 кишвари саросари ҷаҳон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ - СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Дафтари ҳамкории Швейтсария ва дигарон иштирок доштанд.

Cарчашма: Азия-Плюс