Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Таҳсил дар ИМА бо барномаи FLEX танҳо баъди хатми мактаб

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 26.08.2016 в 14:27
Хонандаҳо: 270
Таҳсил дар ИМА бо барномаи FLEX танҳо баъди хатми мактаб

Барномаи FLEX барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон танҳо баъди хатми синфи 11 дастрас буда метавонад.

Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрии вазири маориф Нуриддин Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард чунин тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, зарурати чунин тасмимгирӣ ба он рабт дорад, ки барномаи таҳсили толибилмони ИМА ба барномаи таҳсил дар Тоҷикистон мутобиқ нест.

«Толибилмон баъди бозгашт аз ИМА дар ҳамон синфе, ки аз он тибқи барнома ба ИМА рафта буданд, таҳсил карданианд. Масалан, баъди хатми синфи 8 ба ИМА рафта, баъди он дар Тоҷикистон дар синфи 10 таҳсил кардан мехоҳанд, зеро синфи 9-ро дар он ҷо хондаанд. Аз ин рӯ, мунтазам миёни мактаб ва толибилмон баҳсҳо рӯйи кор меомаданд», - иброз дошт сухангӯи Вазорат ва зикр кард, ки акнун қабули қарор ба баҳсҳо дар ин масъала хотима мебахшад.

Барномаи FLEX (Future Leaders Exchange) барномаи ғайритиҷоратии амрикоӣ барои табодули толибилмони синфҳои болоӣ мебошад, ки ба мактабиёни болаёқати тоҷик тариқи ройгон имкони зиндагиву таҳсил барои як сол дар Иёлоти Муттаҳидаро фароҳам мекард. ​

Cарчашма: Азия-Плюс