Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

СММ: Қариб сеяки аҳолии сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мушкилӣ доранд

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 29.08.2016 в 10:49
Хонандаҳо: 261
СММ: Қариб сеяки аҳолии сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мушкилӣ доранд

Рӯзи 28 август дар шаҳри Стокголм Ҳафтаи ҷаҳонии об оғоз гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода намояндагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, иштирокчиёни Ҳафтаи об - коршиносон, сиёсатмадорон, роҳбарони корхонаҳои тиҷоратии маъруфи ҷаҳон, таҳиягарони технологияҳои нав ва соҳибкасбони ҷавон аз кишварҳои гуногун барои табодули назару андеша, дарёфти тарзу воситаҳои нави ҳалли мушкилоти марбут ба об дар Стокголм гирдиҳам меоянд.

Мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон, имрӯз қариб сеяки аҳолии сайёра аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ мушкилӣ дошта, дар баробари ин, дар кишварҳои дар ҳоли рушди иқтисодӣ қарордошта талабот ба об зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сол то сол аҳолии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ба мушкили норасоии об дучор гардида, афзоиши шумори аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисодӣ мушкилоти иловагӣ барои ин кишварҳоро ба бор меоваранд.

«Дастрасии солонаи об ба ҳар як сари аҳолӣ айни замон дар минтақа 2500 метри мукаабро ташкил дода, соли 2030 поинравии он то сатҳи 1700 метри мукааб пешбинӣ мешавад, ки сатҳи байнулмилалии эътирофшудаи норасоии об мебошад», - зикр мекунанд коршиносони Бонк.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар чорабинии Ҳафтаи ҷаҳонии об аз 130 кишвари ҷаҳон беш аз 3300 нафар намояндагон ширкат варзида буданд.

Cарчашма: Азия-Плюс