Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Шаҳрванди беш аз 11 сол мавриди пайгард қарордошта ба Тоҷикистон истирдод шуд

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 26.08.2016 в 08:43
Хонандаҳо: 287
Шаҳрванди беш аз 11 сол мавриди пайгард қарордошта ба Тоҷикистон истирдод шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки муддати беш аз 11 сол барои содир намудани як силсила ҷиноятҳои вазнин мавриди ҷустуҷӯӣ байнидавлатӣ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шуд.

Тавре хадамоти матбуоти Прокуратураи шаҳри Маскав хабар медиҳад, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Фарҳод Шосафаров аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. «Тайи зиёда аз 11 сол ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари худ барои содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи бандҳои «е, ж, з, и, к, л», қ. 2-и моддаи 104 (Одамкушӣ), қ. 2-и моддаи 186 (Бандитизм) ва банди «в», қ. 4-и моддаи 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ мавриди пайгард қарор дошт», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, Шосафаров аз соли 1999 узви гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таҳти раҳбарии барордараш будааст, ки барои ҳамлаву ғорати шаҳрвандон ташкил карда шудааст.

Моҳи феврали соли 2016 ҷинояткори фирориро кормандони Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав боздошт ва баъди санҷиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Русия, доир ба истирдодаш тасмим гирифта мешавад.

Cарчашма: Азия-Плюс