Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Қадрдонии як гурӯҳи тоҷикистониён бо мукофотҳои давлатӣ

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 29.08.2016 в 12:32
Хонандаҳо: 331
Қадрдонии як гурӯҳи тоҷикистониён бо мукофотҳои давлатӣ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон солгарди навбатии ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба аҳли толор, мардуми кишвар ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ муборакбод гуфта, соҳибони ҷоизаву мукофотҳои давлатиро ба муносибати сазовор шудан ба қадршиносоии роҳбарияти давлату ҳукумат табрик намуданд.

Сипас хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва намояндагони дигар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо орденҳои Шараф дараҷаи 2, медалҳои хизмати шоиста, Шафқат, бо унвонҳои фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Корманди Шоистаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени Спитамен дараҷаи 1, Ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, рутбаҳои навбатии тахассусӣ ва ба олимони ҷавон Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандоне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ карда шудаанд, самимона табрик намуда, ба онҳо барору комёбӣ ва саодати зиндагиро орзу карданд.

Cарчашма: Азия-Плюс