Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Президент: Беш аз 80%-и тоҷикони ба террористон пайваста саводи кофӣ надоранд

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 26.08.2016 в 10:43
Хонандаҳо: 271
Президент: Беш аз 80%-и тоҷикони ба террористон пайваста саводи кофӣ надоранд

Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 33 иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мактаби наву замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, бо харҷи 19 млн. сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷет сохта шудааст.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаб сарвари давлат изҳор намуд, ки мувофиқи таҳлилҳо қариб 80 фоизи гумроҳшудагон, яъне онҳоеро, ки аз кишвари мо ба созмонҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд,  ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил дода, ҳарчанд ки қисми зиёди онҳо дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, вале донишу саводи кофӣ надоранд.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҷамоати деҳот президенти мамлакат ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Сомон” ҳусни оғоз бахшид. Санги асоси корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2013 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми анҷом додани сафари корӣ ба ин ноҳия гузошта шуда буд.

Бинои корхона дар асоси лоиҳае, ки аз тарафи ҶДММ «Архиком» -и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст, сохта шудааст. Корхонаи коркарди меваю сабзавот, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Чиллахон Тоҳиров бо маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии корхона афзун гардида, дар он дар як сол имкони истеҳсолӣ то 300 тонна маҳсулоти тайёр мавҷуд аст. 

Cарчашма: Азия-Плюс