Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Парлумон Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат эълон кард

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 09.12.2015 в 12:50
Хонандаҳо: 397
Парлумон Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат эълон кард

Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби як гурӯҳи вакилон пешниҳодшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.

Қабл аз овоздиҳӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ӯ «бо амри дилу қарзи шаҳрвандӣ, ору номус ва виҷдон барои хизматҳои шоистаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон назди Ватан ва халқ» ба «ҷонибдорӣ»-и қабули қонун раъй медиҳад.

«Эмомалӣ Раҳмон ба таблиғ ниёз надорад: кайҳо собит шудааст, ки ӯ ҳимоягари манфиатҳои миллии кишвар ва мардуми он аст ва Худованд ба ӯ малакаи пешво ва роҳбар буданро додааст», - иброз дошт вай.

«Президенти мо чандин маротиба дар амал нишон дод, ки барои Тоҷикистон, мардуми он, баҳри ҳифзи сулҳу субот дар кишвар омода аст ҳаёташро бубахшад», - қайд кард Ш.Зуҳуров.

Ӯ изҳори бовар кард, ки лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордошта ба муттаҳид шудани мардуми кишвар атрофи пешвои худ мусоидат менамояд. «Ҳар як миллат замони дар ҳаёт будани фарзандони арзандаву содиқи худ бояд ба онҳо эҳтиром гузорад», - изҳор дошт Ш.Зуҳуров.

Раиси палатаи поёнии парлумон таъкид дошт, ки қабули қонунҳои ба ин монанд дар ИМА, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон арзишҳои демократия ва озодиро маҳдуд накарданд, баракс ба муттаҳид шудани мардуми ин кишварҳо мусоидат намуданд.

«Медонем, ки дӯстон ва душманони мо қабули лоиҳаи қонуни мазкурро гуногун арзёбӣ хоҳанд кард, вале мо мутмаинем, ки дар Тоҷикистон он аз ҷониби ҳама яксон - ҳамчун ифтихор аз кишвару пешвои он қабул хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун вакил Абдураҳим Холиқзода қайд кард, ки лоиҳаи ин қонун бар асоси дархост ва пешниҳодҳои интихобкунандагон таҳия шудааст.

«Лоиҳаи қонун ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад», - гуфт Холиқзода.

Ӯ таъкид дошт, ки пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад.

Cарчашма: Азия-Плюс