Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Мусодираи беш аз 32 кило маводи мухаддир аз сокини Вахш

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 11.09.2014 в 11:08
Хонандаҳо: 510
Мусодираи беш аз 32 кило маводи мухаддир аз сокини Вахш

Зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Вахш ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини маҳаллӣ Миралӣ Бобоеви 52-сола боздошт шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни кофтукови ҳавлии истиқоматии номбурда 6-бех ниҳоли «бангдона» ва аз дохили анҷомхонааш як миқдор маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки вазни умумии онҳо 32 килою 480 граммро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Cарчашма: Азия-Плюс