Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Мукофоти давлатии Русия ба шаҳрванди Тоҷикистон

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 05.11.2015 в 14:59
Хонандаҳо: 396
Мукофоти давлатии Русия ба шаҳрванди Тоҷикистон

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 4 ноябр ба як зумра шаҳрвандони хориҷӣ мукофотҳои давлатии Русия тақдим намуд.

Дар сомонаи расмии сарвари давлати Русия дар ин робита зикр мегардад, ки барои хизматҳои шоиста дар таҳкими сулҳу дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо 10 нафар бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ин мукофотҳо ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати мардумӣ тақдим карда шуданд. Ба ифтихори ин ҷашн аз номи президенти Русия дар Кремл маросими қабул ороста шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин маросим ноиби президенти маорифи Тоҷикистон, сармутахассис оид ба методикаи таълими забони русӣ Ирина Каримов бо медали Пушкин қадронӣ шуд.

Cарчашма: Азия-Плюс