Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Муддати 2 рӯз Душанбе ба пойтахти геополитикии сайёра табдил меёбад

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 11.09.2014 в 08:43
Хонандаҳо: 427
Муддати 2 рӯз Душанбе ба пойтахти геополитикии сайёра табдил меёбад

Муддати 2 рӯз – 11-12-уми сентябр Душанбе ба пойтахти геополитикии сайёра табдил меёбад.

Имрӯз дар Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) сарони кишварҳои 10 давлати дунё – Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Муғулистон, Эрон, Афғонистон, нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон гирдиҳам меоянд.

Дар кишварҳои дар боло зикршудаи сайёра аз нисф зиёди аҳолии ҷаҳон ба сар бурда, ба ҳиссаи онҳо 45-50%-и иқтисоди ҷаҳонӣ рост меояд. Чор кишвари дар ин нишаст иштирокдошта давлатҳои дорои аслиҳаи ҳастаӣ мебошанд.

Барои инъикоси кори нишасти СҲШ дар Душанбе беш аз 700 нафар намояндагони васоити ахбори умуми ҷаҳон, сиёсатшиносон ва коршиносон ба Душанбе ташриф овардаанд.

Дар рӯзҳои баргузории нишаст дар роҳҳои мошингарди маркази Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад. Сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуда, баҳри таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ аз манотиқи кишвар ба пойтахт нерӯ ва воситахои иловагии сохторҳои қудратӣ сафарбар шудаанд.

Дар консерти пуршукӯҳ барои меҳмонони воломақоми нишасти СҲШ, ки шоми имрӯз дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, беш аз 800 нафар ҳунармандон иштирок мекунанд.

Cарчашма: Азия-Плюс