Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Машваратҳои навбатии сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 26.08.2016 в 12:16
Хонандаҳо: 225
Машваратҳои навбатии сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин

Дар шаҳри Пекин рӯзи 25 августи соли 2016 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ли Хуейлай роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, фарҳангӣ ва башариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин росто ба рафти иҷрои тавофуқоте, ки миёни роҳбарони ду кишвар моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон ва Чин, атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Cарчашма: Азия-Плюс