Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Маҷлиси Шӯрои нозирони «АксесБанк» дар Душанбе

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 23.09.2014 в 09:38
Хонандаҳо: 412
Маҷлиси Шӯрои нозирони «АксесБанк» дар Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 22-юми сентябр дар «AccessBank Tajikistan» маҷлиси Шӯрои нозирони «Access Holding», ки ҳашт бонк дар қаламрави Африқо, Қафқоз ва Осиёи Марказиро тахти назорат қарор дорад, баргузор гардид.

Маҷлиси Шӯрои нозирон ҳамасола дар яке аз бонкҳои шабакаи «Access Holding» доир мегардад ва имсол тасмим гирифта шуд, ки он дар «AccessBank Tajikistan» дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Маҷлис дар дафтари кории асосии бонк гузаронида шуд. Ғайр аз ин, дар филиали нави бонк дар Душанбе, воқеъ дар маркази тиҷорати «Созидание» вохӯрии аъзои Шӯрои нозирон бо раҳбарияти бонк ва мудирони филиалҳо доир гардида, дар он масъалахои рушди минбаъдаи ин ташкилоти молиявӣ барррасӣ шуданд.

Ҳамчунин маросими муаррфии дастовардҳои бонк низ баргузор шуда, зимни он қайд карда шуд, ки «AccessBank» бо суръати баланд дар ҳоли рушд қарор дошта, сандуқи қарзии он аллакй беш аз 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«AccessBank Tajikistan» бо 4 филиал дар пойтахт, яктогӣ филиалҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Турсунзода ва Қӯрғонтеппа яке аз ташкилотҳои муваффақест, ки хизматгузориҳои молиявии хурдро пешниҳод мекунад. Моҳи сентябр дар вилояти Суғд маркази нахустини хизматгузории бонкӣ таъсис дода шуд. Имрӯз шабакаҳои бонк бо кормнадони соҳибтаҷриба таъмин буда, ба беш аз 9 500 нафар мизоҷон хизматгузорӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк беш аз 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Баъди якуним сол пас аз дастрасии иҷозатнома ҷиҳати ҷалби амонатҳо аз Бонки миллии ҶТ, сандуқи амонатҳои «AccessBank» ба беш аз 2,7 млн. доллари ИМА расид.

Cарчашма: Азия-Плюс