Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ: бихарем ё на? (чандрасонаӣ)

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 27.08.2016 в 23:41
Хонандаҳо: 357
Либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ: бихарем ё на? (чандрасонаӣ)

Коргоҳҳои дӯзандагии Тоҷикистон ба афзоиши истеҳсоли либосҳои мактабӣ муваззаф шудаанд, аммо дарёфти харидор барои онҳо мушкил аст. Дар ҳоле ки теъдоди умумии толибилмони кишвар беш аз 1 миллиону 810 ҳазор нафар аст, тӯли 7 моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои дӯзандагӣ ҳамагӣ 249 ҳазор либоси мактабӣ омода кардаанд.

Мақомоти марбута норасоии маблағу матоъ барои дӯхти либоси мактабӣ, фурнитура ё масолеҳи ёрирасон, доимӣ набудани фармоишҳо, нокифоятии дӯзандаҳои соҳибкасб ва иҷро нашудани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимиро аз умдатарин мушкилоти корхонаҳои дӯзандагии кишвар арзёбӣ мекунанд.

Истеҳсолот зиёду харидор кам

Тибқи дастури раисҷумҳур истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар коргоҳҳои дӯзандагии Тоҷикистон имсол бояд ба 1 миллион адад расонда мешуд. Аммо аз омор бармеояд, ки то 1-уми август беш аз 20 дарсади ин нақша иҷро шудааст. Масъулони корхонаҳо аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки барои ҳамин миқдор маҳсулоти тавлидкардаи худ низ харидор пайдо карда наметавонанд.


Олуфта Ҷорубкашева, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ҶДММ "Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик" мегӯяд, ки имсол барои дӯхтани қариб 105 ҳазор либоси мактабӣ фармоиш гирифта буданд ва аллакай 90 дарсади онро иҷро кардаанд. Аммо то кунун танҳо 20 дарсади либосҳои дӯхтаашон ба фурӯш рафтааст. Вай афзуд: "Корхона дар соли хониши 2016-2017 ба истеҳсоли либос барои 67 мактаби шаҳри Душанбе, 29 мактаб дар вилояти Хатлон ва 4 мактаби ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор шудааст. Мо мувофиқи фармоиш либосҳоро истеҳсол кардем, аммо аз чӣ бошад, ки фақат 20 дарсади онҳо ба фурӯш рафтаанд".


Ба қавли ӯ, маҳсулоташон тарҳу сифати хуб дорад ва нарх низ дастрас аст. Дар ин корхона либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо арзиши аз 140 то 270 сомонӣ ва барои толибилмони синфҳои болоӣ бо нархи аз 300 то 400 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ камхаридор будани либосҳои мактабиро аз мушкилоти аслии коргоҳҳои соҳа арзёбӣ мекунанд. Бақо Ҳотамов, сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи вазорат и мазкургуфт, ки агар маҳсулоти корхонаҳо саривақт харидорӣ шавад, онҳо метавонанд вазъи молиявии худро беҳтар ва ҳаҷми истеҳсолотро зиёд кунанд. Вай афзуд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 2 млн. адад либос фаъоланд. "Дар сурати пешниҳоди фармоишҳо аз ҷониби муассисаҳои соҳаи маориф ва харидории маҳсулоти истеҳсолшуда, корхонаҳои мазкур метавонанд хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо либоси мактабӣ таъмин кунанд", - изҳор дошт Ҳотамов.


Тавсия ё фармон?

Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид дар моҳи июли соли равон изҳор дошт, ки бо мақсади татбиқи Барномаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дастур додааст, то ҳамаи муассисаҳои таълимӣ танҳо маҳсулоти ватаниро истифода кунанд. Ба гуфтаи ӯ, китобҳои дарсӣ аллакай пурра дар дохили кишвар ба нашр мерасанд. Дафтару рӯзнома ва шаҳодатномаи хатму диплом низ дар Тоҷикистон истеҳсол шуда, танҳо қаламу ҷадвал, хаткӯркунак ва дигар ашёи хониш боқӣ мондааст. "Мо кӯшиш мекунем, ки истеҳсоли ин ашёро низ дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монем", - гуфт вазир.

Дар идома Нуриддин Саид афзуд, ки либосҳои мактабии аз Чин ва дигар кишварҳо воридшуда асосан аз матоъҳои синтетикиянд ва сифати паст доранд. Ӯ тавлиди чунин маҳсулотро дар дохил муҳим хонда, хабар дод, ки корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон барои омода кардани либосҳои мактабӣ ба миқдори беш аз 1 миллион адад фармоиш гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони Вазорати маориф ва илми ҶТ мегӯянд, ки онҳо волидонро ба харидории либоси мактабӣ аз корхонаҳои ватанӣ маҷбур карда наметавонанд. Ин ниҳод Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро таҳия ва тасвиб кардааст, ки ҳар як хонандаро ба риояи ҳатмии он муваззаф месозад. Аммо вазорат танҳо иҷрои талаботи либоси мактабӣ – ранг ва намудро тавсия додааст, на корхонаи дӯзандагӣ ва арзиши онро.

Дар робита ба ин масъала Фирӯза Ғаниева, сармутахассиси Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми вазорати мазкур чунин гуфт: "Ин иҷборӣ нест. Ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорони муассиса пас аз қонеъ гардидан аз сифату арзиши либоси мактабӣ корхонаи дӯзандагиро тавсия мекунад ва муассисаи таълимӣ танҳо дар бастани шартнома бо он корхона ширкат меварзад. Падару модарон метавонанд либосро аз корхонаҳои дӯзандагии бо муассисаи таълимӣ шартномадошта бихаранд, аммо дар сурати қонеъ нашудан аз сифат ва арзиши он имкон доранд, ки аз ҷойи дилхоҳашон дастрас кунанд".

Ҳамзамон Абдуҷаббор Алиев, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ин вазорат сабаби камхаридор будани либосҳои мактабии корхонаҳои ватаниро ба арзиш ва сифати онҳо рабт медиҳад: "Мо падару модарро ҳеҷ гоҳ ба харидани либосе, ки талаботи онҳо ва фарзандашонро қонеъ карда наметавонад, маҷбур намекунем. Соли гузашта бисёр волидон аз корхонаҳое, ки бо онҳо шартнома доштанд, либоси мактабӣ нахариданд. Ин ҳам ба арзиш вобастагӣ дошт, ҳам ба сифати маҳсулот. Бинобар ин, ман хоҳиш мекунам, ки корхонаҳои истеҳсолӣ барои аз байн бурдани ин гуна нофаҳмиҳо ба сифати маҳсулот аҳамият диҳанд ва коре кунанд, ки волидайн аз арзиши либос ҳам қаноатманд бошанд".

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, теъдоди хонандагоне, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ либос фармоиш додаанд, 1 168 276 нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 65%-и нақша баробар аст. Аммо таҳлили омори тавлидот ва шикояти истеҳсолкунандагон аз камхаридории маҳсулоташон нишон медиҳад, ки на ҳамаи ин либосҳои фармоишӣ аз тарафи волидон харидорӣ шудааст. Аз ин бармеояд, ки муассисаҳои таълимӣ фармоишҳоро аксаран бидуни мувофиқа бо падару модари толибилмон анҷом додаанд.

Cарчашма: Азия-Плюс