Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Ҷамъоварии беш аз 128,5 ҳазор тонна ҳосили пахта дар Тоҷикистон

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 01.10.2015 в 16:41
Хонандаҳо: 289
Ҷамъоварии беш аз 128,5 ҳазор тонна ҳосили пахта дар Тоҷикистон

Шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 128,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 32% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, кишоварзон ҳамарӯза қариб 4,2 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи ҷумҳурӣ беш аз 120 ҳазор нафар машғули ғунучини ҳосиланд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар вилояти Хатлон - зиёда аз 98,1 ҳазор тонна, вилояти Суғд - беш аз 30 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ - зиёда аз 1,2 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Дар маълумоти Вазорати кишоварзӣ таъкид мешавад, ки имсол то охири мавсим дар маҷмӯъ ҷамъоварии ҳудуди 399 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Имсол пунбадона дар майдони ҳудуди 180 ҳазор гектар кишт шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Cарчашма: Азия-Плюс