Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Ҳузури президент дар фестивали «Оши палави Хатлон»

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 26.08.2016 в 08:18
Хонандаҳо: 264
Ҳузури президент дар фестивали «Оши палави Хатлон»

Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон» боздид намуд.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуд.

Тавре ба Президенти мамлкат иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон 64 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар соли 2016 бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 412 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст ва дар ин самт ҳиссаи заҳматкашони ноҳияи Ҷайҳун назаррас арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо натиҷабахашанд. Танҳо дар соли равон 1390 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми содиротӣ нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар ин рӯз ҳамчунин даври ниҳоии Фестивали «Оши палави Хатлон» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 100 дег таоми миллии мардуми тоҷик- оши палавро  омода карданд.


Гуфта шуд, ки барои ошпази беҳтарин «Кафгири заррин» ва ба дигар ғолибони фестивали «Оши палави Хатлон» тӯҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда мешавад.

Cарчашма: Азия-Плюс