Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Ҳамдардии тоҷикистониён ба русиягиҳо

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 02.11.2015 в 13:12
Хонандаҳо: 372
Ҳамдардии тоҷикистониён ба русиягиҳо

Дар робита ба садамаи ҳавопаймо дар Миср, ки боиси ҳалокати 224 нафар шуд, тоҷикистониён ба русиягиҳо ҳамдардӣ изхор намуданд. Рӯзи якшанбе сокинони Душанбе ба назди бинои намояндагии дипломатии Русия дар Тоҷикистон гулу бозича ва шамъҳо оварда гузоштанд.

Намояндагии дипломатии Русия ба тоҷикистониён изҳори сипос намуда, ин амалро аломати дӯстии ҳарду халқ арзёбӣ намуд.

«Мо ба ҳамаи тоҷикистониён, ки дар робита ба ин ҳодисаи фоҷебаор ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, дар ин лаҳзаи душвор Русияро дастгирӣ намуданд, изҳори сипос мекунем. Бахусус аз онҳое миннатдорем, ки назди сафорат гулу шамъҳо оварданд, то ки ғаму андӯҳро ҳамроҳ қисмат кунем», - қайд кардааст сафорати Русия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 31 октябр ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа зимни парвоз аз шаҳри Шарм-ул-Шайх сӯи шаҳри Санкт-Петербург баъди 23 дақиқа  дар болои нимҷазираи Синой ба садама дучор гардида, дар натиҷа 224 нафар, аз ҷумла 217 мусофир ва 7 сарнишини ҳавопаймо ҳалок шуданд, ки 17 нафарашон кӯдакон мебошанд.

Дар Русия мотами серӯза эълон шудааст. Имрӯз ҷасади 144 нафар ҳалокшудагон ба шаҳри Санкт-Петербург оварда шуд.

Cарчашма: Азия-Плюс