Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиёти рӯзҳои истироҳат

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 07.10.2014 в 10:10
Хонандаҳо: 465

Дар садамаҳои нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати сипаришуда дар минтақаҳои гуногуни кишвар рух доданд, 5 нафар ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронадаи автомашинаи тамғаи «Муссо», сокини 40-солаи шаҳри Истаравшан Бобоназар Абдуллоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 200 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа, ронанда ва мусофираш Мазбутов Мусоҷони 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер» Муҳаммадиев Хайруллои 24-сола, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сарикиштӣ ба самти маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, пиёдагарди ноболиғ Юлдошев Маҳмадраҷаби 9-сола, сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Алиев Саймузаффари 63-сола, истиқоматкунандаи н.Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Кӯлоб ба самти ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира, ки таҳти идораи ронанда Сафаров Бобоҷони 29-сола, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» Алиев С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел» Ғафуров Рустамҷони 29-сола, истиқоматкунандаи н.Ашт дар вақти ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ҳудуди деҳаи Аппони ноҳияи мазкур, ногаҳон дари автомашинаи мазкур кушода шуда, мусофири автомашина, ҳамсараш Ғафурова Гулчеҳраи 27-сола, сокини ҳамин ноҳия ба замин афтида, аз ҷароҳати вазнини бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Cарчашма: Азия-Плюс