Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов «як ба як» гуфтушунид мекунанд

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 11.09.2014 в 10:33
Хонандаҳо: 881
Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов «як ба як» гуфтушунид мекунанд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди «як ба як»-и сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов доир мегардад.

Бино ба маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз доираҳои дипломатӣ, вохӯрии мазкур нимаи дуюми имрӯз дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори нишасти СҲШ баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби мухолифатҳои ҷойдошта миёни кишварҳо дар масъалаи истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле кам бо ҳамдигар дидору гуфтушунид мекунанд.

Вохӯрии ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов беш аз чор сол қабл – ҳамчунин дар доираи нишасти СҲШ моҳи июни соли 2010 дар Тошканд баргузор шуда буд.

Бори ахир моҳи августи соли 2008 Ислом Каримов аз Душанбе боздид намуда, дар кори нишасти «шашгонаи Шанхай» иштирок карда буд.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин маротиба изҳор намудаанд, ки мушкилоти мавҷуда дар муносибатҳои кишварҳоро бидуни миёнаравҳо, тариқи гуфтушунидҳои дуҷониба ҳаллу фасл карданианд.

Ба иттилои манбаъ, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар Душанбе ҳамчунин бо сарони кишварҳои Русия ва Эрон низ мулоқот мекунад.

Ҳамчунин имрӯз вохӯриҳои алоҳидаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Русия – Владимир Путин, Чин – Си Ҷинпин, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Эрон - Ҳасани Рӯҳонӣ, Афғонистон – Ҳомид Карзай, Муғулистон – Тсахиагийн Элбегдорҷ, нахусввазири Покистон Навоз Шариф, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Сваараҷ ва президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов низ дар назар аст.

Cарчашма: Азия-Плюс