Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Эмомалӣ Раҳмон: истиқлолияти Тоҷикистон неъмати худодод аст

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 26.08.2016 в 09:07
Хонандаҳо: 265
Эмомалӣ Раҳмон: истиқлолияти Тоҷикистон неъмати худодод аст

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қабл аз оғози барномаи идона Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангӣ суханронӣ карда, нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо сокинони вилояти Хатлонро бо санаи муҳими таърихӣ ҷашни тақдирсоз - истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат орзу намуд, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Пешвои миллат зикр намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.

Ба андешаи Сарвари давлат ҳамаи дастовардҳо туфайли меҳнати садоқатмандона ва пуштибонии амиқи мардум аз сиёсати давлату ҳукумат ва бо кӯшиши ватандӯстонаи мардуми кишвар ба даст омадааст. Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ, аз ирода ва хизмати бузурги мардуми солору хирадманди тоҷик мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар ҳамаи иштирокчиёни барномаи фарҳангии идонаро бо ҷашну идҳои умумимиллӣ шодбош гуфта, таъкид доштанд, ки истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору побарҷо мемонад, ки мардум муттаҳиду сарҷамъ, зираку ҳушёр бошанд ва дар дохили давлат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ҳукмрон гардад. Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.

Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон намоиши рангини театрикунонидашуда оғоз гардид, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Cарчашма: Азия-Плюс