Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 29.08.2016 в 10:15
Хонандаҳо: 280
Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон

Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон имрӯз, 29 август ба хотири фавти 14 нафар шаҳрванди кишвар дар сӯхтори яке аз чопхонаҳои шаҳри Маскав мотами миллӣ эълон шудааст. Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонидааст.

Тавре Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, дар қарор гуфта шудааст, ки дар тамоми намояндагиҳои расмии ин кишвар дар хориҷа низ парчами Қирғизистон поин оварда шуда, мақомоти расмии Қирғизистон муваззаф шудаанд, ки ба хонаводаи қурбониён кумак кунанд.

Алмазбек Атамбоев гуфтааст, ҳалокати 14 муҳоҷири қирғиз дар Русия замоне иттифоқ афтод, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Бишек-Ӯш низ 9 нафар ҷон бохта ва ин андӯҳро барои мардуми кишвар гаронтар кардаанд.

Ёдрас мешавад, ки рӯзи 27-уми август дар анбори чопхонае дар Маскав сӯхтор сар зад ва дар пайи он 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса духтарони аз 18 то 26-сола ҳастанд. Чаҳор шаҳрванди дигари ин кишвар ба бемористон интиқол дода шудаанд ва вазъи онҳо низ вахим будааст.

Cарчашма: Азия-Плюс