Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Душанбе ба вохӯрии нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ омодагӣ мегирад

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 01.10.2015 в 14:35
Хонандаҳо: 331

Имрӯз дар ҳузури нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукоти омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа масоили тайёрӣ  ба истиқбол, хамроҳии ҳайатҳо ва гусели  меҳмонон дар сатҳи зарурӣ  ва дигар масоили ташрифотӣ  мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Тавре ки таъкид гардид, чорабинии сатҳи баланд охири моҳи октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он иштироки ҳайатҳои ҳамаи кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.

Нахуствазири ҷумҳурӣ  аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони масъулро барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ  гузаронидани ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ҷумҳуриҳои узви ИДМ вазифадор намуд.

Cарчашма: Азия-Плюс