Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Дар рейтинги Doing Business Тоҷикистон якбора 11 зина боло рафт

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 29.10.2014 в 14:43
Хонандаҳо: 515
Дар рейтинги Doing Business Тоҷикистон якбора 11 зина боло рафт

Дар рейтинги ҳамасолаи Doing Business миёни 189 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 166-умро ишғол намуда, дар зарфи як сол 11 зина мавқеи худро беҳтар кард. Дар рейтинги соли гузаштаи Doing Business Тоҷикистон дар зинаи 177-ум қарор дошт.

Гузориши «Пешбурди тиҷорат 2015» (Doing Business 2015: Going Beyond Efficiency) имрӯз, 29-уми октябр аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба нашр расид.

Бино ба маълумоти гузориш, Тоҷикистон ба шумори даҳ кишваре дохил мешавад, ки тайи соли ахир оид ба беҳбуди нишондиҳандаҳои мавриди баррасӣ қарордошта дар гузориши «Пешбурди тиҷорат» ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардидаанд.

«Тоҷикистон, Бенин, Того, Кот-д’Ивуар, Сенегал, Тринидад ва Тобаго, Конго, Озарбойҷон, Ирландия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба сафи кишварҳое шомиланд, ки дар давраи солҳои 2013-2014 дар беҳбуди нишондиҳандаҳои «Пешбурди тиҷорат» ба комёбиҳои назаррас даст ёфтанд. Ин 10 кишвар дар маҷмӯъ 40 ислоҳоти ҳуқуқӣ ҷорӣ сохтанд, ки ба беҳбуди шароитҳои роҳандозии тиҷорат нигаронида шуда буданд», - омадааст дар гузориши мазкур.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки бо роҳандозии тағйирот дар чанде аз бахшҳо соли гузашта Тоҷикистон ба пешравии бузург ноил гардид. Онҳо таъкид мекунанд, ки айни замон дар Тоҷикистон дар натиҷаи ҷорӣ шудани таъминоти нави барномавии низоми «равзанаи ягона» ва барҳам додани яке аз расмиёти бақайдгирӣ ҷараёни оғози тиҷорат хеле сабуку осон шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки тайи соли ахир дар Тоҷикистон низоми гирифтани иҷозатнома барои сохтмон осонтар карда шуда, низоми электронии пардохти андозҳо ҷорӣ гардид ва ғайр аз ин, Бюрои қарзӣ ҳам ба фаъолият шурӯъ намуд.

Қобили зикр аст, ки дар паҳнои пасошӯравӣ Тоҷикистон то ҳол яке аз кишварҳои дорои шароити номуосид барои пешбурди тиҷорат боқӣ мемонад. Дар ин рейтинг аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Гурҷистон мақоми 15-ум, Эстония – 17, Латвия – 23, Литва – 24, Арманистон – 45, Беларус – 57, Русия – 62, Молдова – 63, Қазоқистон – 77, Озарбойҷон – 80, Украина – 96, Қирғизистон – 102 ва Ӯзбекистон зинаи 146-умро касб кардаанд.

Соли нуҳум аст, ки Сингапур мақоми пешсафиро дар ин рейтинг аз даст намедиҳад. Ба ҷуз Сингапур, ба даҳгонаи беҳтарини ин рейтинг Зеландияи Нав, Гонконг, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Норвегия, ИМА, Британияи Кабир, Финланлия ва Австралия низ шомиланд. 

Cарчашма: Азия-Плюс