Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Дар Душанбе террористеро боздоштанд, ки таксиро таркониданӣ буд

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 23.09.2014 в 11:05
Хонандаҳо: 598
Дар Душанбе террористеро боздоштанд, ки таксиро таркониданӣ буд

Кормандони милисаи пойтахт сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб, феълан истиқоматдошта дар шаҳри Душанбе Алихон Бозоровро боздошт намуданд. Боздоштшуда ба таксирони хусусӣ таҳдид кардааст, ки дар сурати ба ӯ надодани маблағҳои пулии амонаташ, автомашинаро бо соҳибаш метарконад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, тахминан соатҳои 10-30-и рӯзи 19-уми сентябр Бозоров дар хиёбони Айнӣ ба курсии пеши автомашинаи «Опел Сатурн»-и мутааллиқ ба сокини 53-солаи шаҳри Душанбе Қодирҷон Султонов нишаста, бо таҳдиди тарконидани норинҷак (граната) аз таксирон маблағи пулӣ талаб кардааст.

«Чун огоҳ мешавад, ки таксирон бо худ маблағи пулии начандон зиёде дорад, ӯро маҷбур месозад, ки ба хонааш рафта, пулҳои амонаташро гирад ва ба ӯ диҳад, вале вақте дар назди хонаи таксирон одамони бисёреро мебинад, «террорист» рӯ ба фирор мениҳад», - иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми боздошти Алихон Бозоров аз ӯ норинҷаки ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст. 

Cарчашма: Азия-Плюс