Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Боздошти даҳҳо Тоҷикистониён дар Алмаато

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 25.08.2016 в 15:29
Хонандаҳо: 296
Боздошти даҳҳо Тоҷикистониён дар Алмаато

Дар «Зеленый базар»-и шаҳри Алмаато 15 нафар шаҳрвандони хориҷиро, ки ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будаанд, боздошт намуданд.

Бино ба иттилои i-News.kz, аз боздоштшудагон 11 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 4 нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, ки бидуни сабт дар мақомоти андоз ва бе истифода аз дастгоҳҳои хазинавӣ ва дар 10 ҳолат бидуни ҳуҷҷатҳои будубоши доимӣ меваи тару тоза ва хушкмева мефурӯхтаанд.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии «Алматы» иттилоъ медиҳад, ки дар ин бозор беш аз 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки аксарашон ҳуҷҷати тасдиқкунадаи шахсият ва санади бақайдгирӣ надоштаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, тӯли 7 моҳи соли равон ҳудуди 7,2 ҳазор нафар шаҳрвнадони ҷумҳурӣ ба Қазоқистон сафар кардаанд. 

Cарчашма: Азия-Плюс