Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Боздиди вакилони парлумон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 29.08.2016 в 11:14
Хонандаҳо: 282
Боздиди вакилони парлумон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни боздид вакилон бо рафти сохтмони ин иншооту бузургу тақдирсози кишвар ва шароитҳои кору истироҳати бинокорон шинос шуда, ҳамчунин аз толори асосии нерӯгоҳ, ки дар он агрегатҳои нерӯгоҳ гузошта мешаванд, низ боздид карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба вакилони парлумон аз ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар сохтмони иншоот, аз ҷумла сохторҳои таҳкими деворҳо, механизм ва тартиби насби агрегатҳо ва тарзи васли онҳо бо дастгоҳҳои қабули нерӯи барқ маълумот доданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин толор барои насби 6 агрегат бо иқтидори умумии 3600 МвТ ва дигар асбобу таҷҳизоти зарурӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд. 

Cарчашма: Азия-Плюс