Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

БМТ: Ҳафтаи гузашта қурби доллар тамоили болоравиро нигоҳ дошт

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 31.08.2015 в 11:02
Хонандаҳо: 349
БМТ: Ҳафтаи гузашта қурби доллар тамоили болоравиро нигоҳ дошт

Давоми ҳафтаи ахир қурби доллари ИМА дар бозори Тоҷикистон тамоили болоравиро нигоҳ дошт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар охири ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳудуди то 6,5600-6,5800 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, қурби он дар бозор бинобар давом ёфтани пастравии қурби нақдии рубли русӣ, тамоили болоравиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 6,8160-6,8340 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуда буд.

Ду ҳафта қабл қурби доллари ИМА дар бозори асъори кишвар ба ҳисоби миёна 6,77 - 6,79 сомониро ташкил дода, қурби аз ҷониби БМТ муқарраршуда ба 6,56 - 6,58 сомонӣ аст.

Гуфта мешавад, бо тағйир ёфтани қурби рубли русӣ қурби бозории долл. ИМА низ паст шуда, имрӯз 6,7300-6,7500 сомонӣ 1 долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, айни замон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ тағйир ёфта, 0,1021-0,1031 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва қурби евро бошад, 7,4880-7,5200 сомонӣ ба як евро баробар шудааст.

Cарчашма: Азия-Плюс