Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Италия

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 26.08.2016 в 10:18
Хонандаҳо: 254
Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Италия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар қисмати марказии Италия, ки ба харобиҳову талафоти ҷонии зиёд боис гардид, ба сарвазири Ҷумҳурии Италия Маттео Ренси барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар қисмати марказии Италия, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор оварданд, бо андўҳи бузург дарёфтам».

«Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Италия  сангин ҳамдардии амиқи инҷониб ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати  табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», - изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 24 август дар қисмати марказии Италия заминларза рух дода, бар асари он 247 нафар ҳалок ва ҳудуди 1 ҳазор нафар сокинон бесарпаноҳ монданд. Аксари роҳу биноҳо дар ин минтақа тахриб шуда, ҷустуҷӯи ҷасади одамон аз зери вайронаҳо то ҳол идома дорад.

Cарчашма: Азия-Плюс