Ҷустуҷӯ

Истифодабаранда

Хабарҳои машҳур
(за последние 7 дней)

Автомашинаи «Дулан» ба ҷарии 150-метра сарозер рафт

Муаллиф: X-Miller-X
Рӯз: 29.08.2016 в 10:22
Хонандаҳо: 357
Автомашинаи «Дулан» ба ҷарии 150-метра сарозер рафт

Ахири ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 26 август, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди мавзеи Кумарғи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 100-150 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофири ӯ марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 28 август тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” марди 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат ба самти ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонӣ бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири  автомашина марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Cарчашма: Азия-Плюс